- Навидҳои муҳим

Таҷлили Рӯзи Модар дар Кумита

Имрӯз 7 март дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади мазкурро Раиси Кумита Давлатшо Гулмаҳмадзода бонувонро табрику муборакбод намуд. Раиси Кумита қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози истиқлолияти давлатӣ ба дастгирию ҳамкорӣ нисбати занон диққати зарурӣ медиҳад. Ин аст, ки имрӯз дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи занон ва оила фаъолият намуда, ҳуқуқу озодиҳои занонро ҳимоя менамояд.

Дар интиҳои чорабинӣ бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Аз ҷониби бонувони баромадкунанда  ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалї Рањмон барои ҳамкории ҳамешагиашон нисбат ба занону модарон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Иловаи шарҳ