- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона дар минтақаи Кӯлоб ҷиҳати таҷлили сазовори Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба Маркази ахбори экологии Кумита хабар дод, ки дар асоси барқияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2019,  №02331777 ва барқияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 07.06.2019, №2/66  аз 6 то 16 июни 2019 бо ҷалби васеи аҳолӣ, кормандону мутахассисони ташкилот ва муассисаҳо, ҷиҳати таҷлили сазовори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, корҳои ободонӣ амсоли тозагии муҳити зист ба роҳандозӣ гардид.  Дар чорабинии зикршада аз атрофи идораю ташкилотҳо, роҳҳо, кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, соҳили дарёҳо, маҳаллаҳо, деҳоту шаҳракҳо  партовҳо бароварда ба партовгоҳҳои асосӣ интиқол дода шуд.

Дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу коллеҳҳо, беморхонаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти минтақаи Кӯлоб шанбегиҳо гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 13500 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу коллеҷҳо, беморхонаҳои шаҳрию минтақавӣ иштирок намуда, беш аз 1213м3 партовҳо ба воситаи техникаи муассисаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» -и назди МИҲД –и ш. Кӯлоб кашонида безарар гардонида шуд.

 

Иловаи шарҳ