- Навидҳои муҳим

Мулоқоти Раиси Кумита бо Искандар Абдуллоев

Рӯзи 5-уми марти соли 2019 вохӯрии Раиси Кумита мӯҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бо директори иҷроияи Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (ММЭОМ) Искандар Абдуллоев баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо оид ба ҳамкориҳои Кумита бо ММЭОМ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода мешавад.

Директори иҷроияи Маркази минтақави экологии Осиёи Маркази Искандар Абдуллоев роҷеъ ба дастовардҳо дар самти амалишавии лоиҳаҳои минтақавӣ, баланд бардоштани иқтидори кадрии Филиали Тоҷикистонии ММЭОМ, натиҷаи ҳамкориҳо бо институтҳои байналмилалии молиявӣ ба Раиси Кумита маълумоти муфассал доданд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда Раиси Кумита диққати Искандар Абдуллоевро ба ҳамкориҳо бо Хазинаи байналмилалии экологӣ (ГЭФ), Фонди иқлими сабз ва дигар созмонҳои экологии байналмилалӣ дар амалишавии лоиҳаҳои минтақавӣ, таҳким бахшидагн ба фаъолият дар самти амалисозии лоиҳаҳо ҷалб намуданд.

Дар охир Искандар Абдуллоев аз мӯҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ барои иштирок дар Конфронси Осиёи Миёнагӣ оид ба тағйирёбии иқлим, ки рӯзҳои 3-4 апрели соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад, даъват ба амал овард.

Иловаи шарҳ