- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

МЕЛАНОИДЕСИ ШОҲДАРАГӢ

Melanoides shahdaraensis

(Starobogatov et Izzatullaev, 1980)

Қатори Энтомостомаҳо.

Entomostoma

Оилаи Белграндиелидаҳо.

Melanoididae

 Мақоми ҳифз

Намуди осебпазир. VU.

Паҳншавӣ

Эндемики хоси Тоҷикистон аст. Дар чашмаҳои гарми мавзеъи Ҷавшангоз (ҳавзаи  дарёи  Шоҳдара)–и Бадахшон вомехӯрад.

Муҳити сукунат

Дар  чашмаҳои  гарм  дар  қабати лойқа ва сангҳо дар ҳарорати +30–32°С, дар баландии 3360 м. аз сатҳи баҳр ҳаёт ба cap мебарад.

Саршумор

Камшумор  аст.  Дар  хазинаи коллексионӣ  20  адади  он  нигоҳ дошта мешавад.

Хусусиятҳои биологӣ

Бо  роҳи  партеногенезӣ  афзоиш мекунад. Ҷинсҳои нарина хеле кам вомехӯранд.

Омилҳои маҳдудкунанда

Хушк  ва  ифлос  шудани  чашмаҳо, аз тарафи ҳаваскорон ҷамъ кардани ин намуд ба камшуморӣ ва маҳдудгардидани  сукунатгоҳи  он  сабаб мешавад.

Парвариш дар шароити сунъӣ

Имконпазир аст.

Тадбирҳои ҳифз

Ба  мақсади  ҳифзи  меланоидеси шоҳдарагӣ маҳалҳои нави сукунати онро муайян намуда, реҷаи доимии гидрологиро  таъмин  ва  чашмаҳои гармро  ғӯруқҳои  хурд  эълон намудан зарур аст. Тарғибу ташвиқи ҳифзи  ин  намуд  дар  байни  омма бояд пурзӯр карда шавад.

Иловаи шарҳ