- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Турсунзода

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода санаи 30 майи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии Колеҷи тиббии шаҳри Турсунзода семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид.

Дар кори семинар директори Муассисаи давлатии «Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои об»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  номзади илмҳои геологӣ ва минерология Сарабеков Назриало Шералиевич иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар баромади Н. Сарабеков доир ба масъалаҳои ҳифз ва истифодабарии захираҳои об дар тахтаи электронӣ ба донишҷӯён маълумоти муфассал дода шуд. Донишҷӯён доир ба масъалаҳои гуногуни истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об муколамаи судманд намуданд.

Иловаи шарҳ