- Хабарҳо

Дар ноҳияи Носири Хусрав озмуни «Ҳифзи табиат-асоси рушди сайёҳӣ» ҷамъбаст шуд

Тибқи иттилои сардори бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон Самадзода Шоҳрух озмуни ноҳиявӣ дар мавзӯи «Ҳифзи табиат-асоси рушди сайёҳӣ» бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист ҷамъбаст гардид. Маросими супоридани мукофотҳо  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26-и  ноҳия ҳафтаи равон сурат гирифт.

Дар чорабинии мазкур аз 16 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 168 нафар хонандагон  аз  рӯи 6 номинатсия корҳои эҷодии худро ба намоиш гузоштанд. Тибқи баҳогузории комиссияи озмун 18 нафар хонандагон аз рӯи номинатсияҳои номбурда ғолиб дониста шуда, бо ифтихорномаҳои мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия сарфароз гардонида шуданд. 

 

Иловаи шарҳ