- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии маҳал» бахшида ба Рӯзи замин

Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амри Раиси ноҳияи Данғара дар бораи гузаронидани аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил», як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Бахшида ба Рӯзи замин 22 апрели соли равон аксияи “Тозагии маҳал”-ро дар кӯчаи М.Турсунзота, ҷамоати деҳоти Лолазор, дар деҳаи Чорсада ва деҳаи Дўстӣ, дар ду тарафи шоҳроҳи мошингард бо иштироки муассисаҳо, намояндагони шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара,  кормандони корхонаи фаръии давлатии хоҷагидории муассисаи камуналии ноҳия ва масъулини ҷамоати деҳоти Лолазор гузаронид.    

Дар аксияи мазкур зиёда 70 нафар иштирок намуда, заминҳои ду тарафи роҳи мошингард аз ҳаргуна партовҳо тоза карда, бехи ниҳолҳои ороишӣ нарм карда шуда, дар ҳаҷми 8 метри куби партовҳо ҷамъоварӣ гардида, бо воситаи як адад техникаи боркаш ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол дода шуданд.

Ҳамзамон мутахассисони шуъба оид ба Рӯзи замин ва моҳияти аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида, ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ҳифзу нигоҳубини навниҳолҳо ба аҳолӣ ва масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот маслиҳатҳо доданд.

Иловаи шарҳ