Бо мақсади ҳифзи манбаъҳои обӣ каналу селпартоҳои ҳудуди ноҳияҳои пойтахт марҳила ба марҳила тоза карда шуда истодааст.
Бино ба иттилои мавҷуда, дар мувозинаи Муассисаи давлатии “Раёсати обёрӣ”-и шаҳри Душанбе 54,74 км каналу селпартоҳо мавҷуд буда, тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тоза карда мешаванд.
Аз оғози соли ҷорӣ то имрӯз дар каналҳои Ҳазора, Говкӯш, Алачабоф, Шоҳмансур, Чоряккорон, Қазоқон, Чортут ва селпартоҳои Каленин, Свириденко, Коргар, Карамов, Зарафшон корҳои тозакунӣ идома ёфта, лойқа ва партовҳо ба таври механикӣ 7495,8 м3 ва дастӣ 353,2 м3 тоза карда шуда, дар ин давра аз каналу селпартоҳои ба мувозинати муассиса тааллуқдошта ба миқдори 11123, 04 тонна лоиқаю партовҳо бароварда шуд.
Бояд қайд намуд, ки каналҳои мавҷуда барои обёрии гулу сабза, дарахтони гулгашту хиёбонҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе истифода карда мешаванд.
Дар аснои гузаронидани аксияи “Тозагии соҳил” дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт мутасаддиёни Муассисаи давлатии “Раёсати обёрӣ”-и шаҳри Душанбе пайваста дар аксияҳо фаъолона ширкат варзида тавассути техника тозагии каналу селпартоҳоро таъмин менамоянд.
Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе бо инобати амалишавии фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гузаронидани аксияи “Тозагии соҳил-2021” ва иҷрои нақша-чорабиниҳои тасдиқкардаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе назорати давлатиро дар ин самт пурзӯр намуда истода, аз сокинон тақозо карда мешавад, ки дар ободонию тозагӣ, ва сарсабзии муҳити зист фаъолона ширкат варзида, барои сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарсабзии пойтахти азизамон –шаҳри Душанбе саҳми худро гузоранд.














