- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии соҳил-2021» дар ноҳияи Дарвоз

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дарвоз оид ба иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тозаю озода нигоҳ доштани соҳилҳои дарёҳо, каналу ҷуйборҳо корҳои муайянро ба сомон расонид.

Санаи 17-уми апрели соли ҷорӣ бо иштироки аҳолии деҳаи Даштак, Ширг ва бо иштироки 110 нафар толибилмони муассисаи таҳсилоти умумии №40, 42 аксияи «Тозагии соҳил-2021» гузаронида шуд.

Дар маҷмӯъ 1,5 км соҳили дарёи Панҷ ва Хумбов аз партовҳои маишӣ тоза карда шуда, 3м3 партов бо воситаи 1 техника ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуданд.

Иловаи шарҳ