- Муомилот бо партов, Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Баргузории аксияҳои экологӣ дар шаҳри Ҳисор

Баҳри дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тозаву обод ва солимгардонии муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии шаҳри Ҳисор 17 апрели соли ҷорӣ бо иштироки кормандони касбу кори гуногун ва ҷалби васеи аҳолии шаҳр дар шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор-Турсунзода аксияи “Тозагии роҳ”  ва дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, Деҳқонобод ва Дурбат “Тозагии соҳил” баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 320 нафар иштирок намуд.

Дар чорабиниҳои мазкур аз ҷониби иштироккунандагон ду тарафи ҷӯйборҳо аз ҳаргуна партовҳо тоза карда, инчунин нармкунии гирду атрофҳои гулҳои мавсимӣ амалӣ гашта, дар умум 4,2 м3 партовҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи марказии шаҳр интиқол дода шуданд.

Иловаи шарҳ