Дар асоси нақшаю чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи замин шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хоруғ дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ дар шаҳраки Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ аксияи «Тозагии маҳал»-ро баргузор намудаанд.
Дар аксия кормандони комплекси агросаноатӣ иштирок намуданд, ки ба миқдори 1 тонна партовҳо ҷамъоварӣ гардида, ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуданд. Ҳудудҳо ба пурагӣ аз партовҳои маишӣ тоза карда шудаанд.
Иштирокдорон оид ба масъалаи ободонӣ ва минбаъд тоза нигоҳ доштани ҳудудҳо фикру ақидаҳои худро баён намуда, иқдоми пешгирифтаи мақомоти ҳифзи муҳити зистро саривақтӣ арзёбӣ намуданд.














