Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии донишҳои экологӣ дар гимназияи №2 бо иштироки омӯзгорони фанни география ва хонандагон вохӯрӣ гузаронида шуд.
Намояндагони бахш аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки барои беҳбудии муҳити атроф, тозаву обод нигоҳ доштани гирду атрофи мактаб ва маҳалли зист, баланд бардоштани донишњои экологӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.














