15 март дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти мақомоти соҳавӣ дар ҳафтаи қаблӣ ва вазифагузориҳо барои ҳафтаи навбатӣ баррасӣ гашт.
Раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон маҷлисро оғоз намуда, барои пешниҳоди ҳисоботи таҳлилӣ оид ба фаъолияти сохторҳои Кумита дар ҳафтаи аз 8 то 12 марти соли 2021 сухан ба сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Ҷӯраев А. дода шуд.
Сипас, Раиси Кумита Шерализода Б. А. оид ба масъалаҳои дахлдори фаъолияти соҳавӣ, аз ҷумла самтҳои назорати давлатӣ суханронӣ намуда, аз ҳар як масъулони иштирокдор ҳолатҳои мавҷуда ва камбудиҳои ҷойдоштаро пурсон гардид.
Дар маҷлис ҳамаи масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, бо назардошти инобати фикру андешаҳо ва супоришҳои додашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.














