- Хабарҳо

Шаҳри Бӯстон: Вохӯрӣ дар мактаби Президентӣ

Тибқи нақшаи пешбинигардида, санаи 14 майи соли равон дар толори МТД мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» бо намояндагони соҳаи маориф, аз ҷумла директорони мактабҳо ва омўзгорони фанни биология, экология, роҳбарият ва омўзгорони мактаби Президентӣ вохӯри баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби иштирокдорон доир ба зарурати тарбия ва маърифати экологии кӯдакону ҷавонон, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, пешгирии ифлосшавии ҳавои атмосфера, муомилот бо партовҳо ва чораҷўӣ барои ҷойгиронии ғайрирасмии он, дар бораи Рўзи байналмилалии муҳити зист ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист баромадҳо шунида шуд.

Дар рафти вохӯрӣ саволу ҷавоб сурат  гирифта, ба саволҳои омўзгорон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Дар интиҳо ба китобхонаи шуъбаи маорифи шаҳр ва мактаби Президентӣ 2 ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.      

Иловаи шарҳ