Имрӯзҳо дар ҳудуди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои ободонию созандагӣ баҳри омодагиҳо ба таҷлили сазовари 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гаштани солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (соҳои 2019-2021) бомаром идома доранд.
Барои гузаронидани чорабиниҳои муҳими давлатию соҳавии имсола, аз ҷумла таҷлили 22-юмин солгарди Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва 47-солагии Рӯзи байналмилалии муҳити зист бошад муддати каме ба шумор мондааст. Месазад, ки санаҳои таърихии мазкур дар сатҳи баланди фаҳмондадиҳию ташкилӣ баргузор гарданд.
Сокинони ноҳияи Нуробод дар якҷоягӣ бо бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ дар ободгарию гулгулшукуфоии диёр саҳми худро гузошта истодаанд. Санаи 15 май дар ҳудуди ноҳияи мазкур аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд, ки дар рафти он кормандони тамоми ташкилоту корхонаҳо ва аҳли ҷамоатчигӣ ба ҳашари умумӣ баромада, гулгашту хиёбонҳо, атрофи манзилҳои зист ва кӯчаву хиёбонҳоро аз ҳар гуна партовҳо тоза намуданд. Бо истифода аз як адад техникаи боркунанда ва ду адад автомашинаҳои боркаш партовҳо ба партовгоҳи расмии ноҳия итиқол дода шуд.
Чунин корҳои ободонию созандагӣ дар дигар ҷамоатҳо, заминҳои кишт, атрофии руду дарёҳо ва қад-қади шоҳроҳҳо баргузор гашта истодаанд.















