- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Баррасии фаъолияти мақомоти соҳавӣ дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита

22 феврали соли равон маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита баргузор гашт, ки дар он фаъолияти раёсатҳо, шуъбаву бахшҳо, марказҳо ва дигар сохторҳои зертобеи Кумита дар ҳафтаи аз 15 то 19 феврал ва вазифаҳо барои ҳафтаи навбатии соли ҷорӣ баргузор гардид.

Тибқи тартиби муайягардидаи рӯзномаи маҷлис сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Ҷӯраев Абдусалим дар ҳузури Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бораи фаъолияти ҳафтаи сипаригаштаи сохторҳои тобеи Кумита ҳисобот дод.

Пас аз ин ҳар як сардорони воҳидҳои созторӣ дар самти фаъолияти ҳафтаинаи самти худ маълумот доданд.

Баъд аз шунидани  ҳисоботҳои ҳафта оид ба ҳар як самти фаъолияти соҳавӣ  Раиси Кумита Шерализода Баҳодур  Аҳмадҷон изҳори андеша намуда, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ пеш бурдани корҳои  идоравӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Бо назардошти пурсишу пешниҳодҳо ва супоришҳои аз ҷониби Раиси Кумита додашуда дар ҳамаи самтҳои фаъолияти Кумита дар давоми ҳафтаи сипаришуда ва вазифаҳо барои ҳафтаи равон қарори маҷлис қабул карда шуд.

Иловаи шарҳ