- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Иқдоми созанда барои солиму зебогардонии муҳити зисти шаҳри Ҳисор

Тибқи иттилои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор санаи 18 феврали соли ҷорӣ бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри мазкур дар якҷоягӣ бо соҳибкорон дар қитъаи заминҳои қаблан омодакардашудаи осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» зиёда аз 1000 ҳазор бех дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ аз ҷумла, санавбари қримӣ, магнолиа, каштан ва серен шинонида шуд. Ин иқдоми созанда баҳри зебову назаррабо гардонидани симои шаҳр ва солиму зебогардонии муҳити зист пешбинӣ шудааст.

Бо мақсади дар доираи талаботи агротехникӣ баргузор намудани корҳо аз ҷониби  мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Иловаи шарҳ