- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Гузаронидани шанбегиҳо дар шаҳри Хоруғ

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, кабудизоркунӣ, шинонидани гулу буттаҳо дар доираи ҳифзу солимгардонии муҳити зист пайваста чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

13-14 феврали соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят Мухтори куҳистони Бадахшон ҳашари умумӣ гузаронида шуда, дар он кормандони идораву муассисаҳои вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ иштирок намуда, кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро аз барф тоза намуданд.

Дар ҳудуди шаҳраки Ш.Шоҳтемур 120 нафар ва шаҳраки И.Сомонӣ 140 нафар иштирок намуда, дар тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр саҳмгузорӣ намуданд.

Дар оянда низ барои тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Иловаи шарҳ