- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани маъракаи умумишаҳрии кабудизоркунӣ ва ободонӣ, баргузории аксияҳои тозагии роҳ ва маҳал санаи 13 феврали соли ҷорӣ дар кӯчаҳо ва  роҳи автомобилгард корҳои тозагии муҳити зист ва ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Аз ҷониби сокинони маҳал корҳои ободонӣ вусъат ёфта, ниҳоли  дарахтони гуногун ва гулҳои мавсимӣ шинонида шуд.

Ҳамзамон дар маркази шаҳр, корхонаву ташкилот, муассисаву хоҷагиҳо корҳои ободонӣ идома ёфта, дар заминҳо барои шинонидани гулҳои мавсимӣ, ҳамешасабз  бисёрсола, ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ ҷойҳо омода карда шуданд.

Бо мақсади дар доираи талаботи агротехникӣ баргузор намудани корҳо аз ҷониби  мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ваҳдат  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Иловаи шарҳ