- Хабарҳо

Ҷашнгирии 50-солагии Конвенсияи Рамсар доир ба мавзеъҳои обию ботлоқӣ

Конвенсияи Рамсар дар бораи ботлоқзорҳо дорои аҳамияти байналмилалӣ, 2 феврали соли 1971 дар шаҳри Рамсар (Эрон) ба имзо расидааст. Ин қадимтарин конвенсияи муосири байналмилалии муҳити зист аст ва имсол он 50-сола мешавад. Соли 1996, 2 феврал рӯзи имзои Конвенсияи Рамсар Рӯзи ҷаҳонии ботлоқзор эълон карда шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ҳуҷҷати муҳими байналмилалӣ соли 2001 ҳамроҳ гардида, аввалин минтақае, ки ба рӯйхат дохил карда шудааст, мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон” мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 мавзеъҳои обию ботлоқӣ мавҷуданд ва имрӯз 5 мавзеъҳои обию ботлоқӣ дар майдони 200 гектар ба рӯйхати ботлоқзорҳои дорои аҳамияти байналмилалидошта, дохил карда шудаанд.

Рузи 16 феврали соли 2021 дар шаҳри Рамсари Ҷумҳурии Исломии Эрон конфронси маҷозӣ бахшида ба ҷашнгирии 50-солагии Конвенсияи Рамсар доир ба мавзеъҳои обию ботлоқӣ доир гардид. Дар ин маросим намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ва намояндагони Котиботи Конвенсия Рамсар, ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок ва баромад намуданд.

Нақшаи амалии Стратегии Конвенсияи Рамсар барои солҳои 2016-2024 аз 4 ҳадаф иборат буда, барои барҳам задани хавфу хатарҳо ва баррасии омилҳое, ки боиси аз даст рафтан ва таназзулёбии мавзеъҳои обию ботлоқзорҳо мегарданд, мебошанд.

Ҳадафи 1: Фоидаҳои мавзеъҳои обию ботлоқзор дар стратегияҳо ва нақшаҳои миллӣ/маҳаллӣ, ки ба соҳаҳои асосӣ ба монанди об, энергетика, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, туризм, шаҳрсозӣ, инфрасохтор, саноат, ҷангал, моҳидорӣ дар сатҳи миллӣ марбутанд, нишон дода шудаанд ва дар сатҳи маҳаллӣ амалӣ мешаванд.

Ҳадафи 2. Истифодаи об ба эҳтиёҷоти экосистемаи ботлоқзорҳо барои иҷрои вазифаҳои худ ва расонидани хизматҳо дар сатҳи мувофиқ, аз ҷумла дар сатҳи ҳавзаҳо ё дар минтақаи соҳили ҳассос.

Ҳадафи 3. Сектори давлатӣ ва хусусӣ кӯшишҳои худро барои татбиқи принсипҳо ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи захираҳои об ва идоракунии ботлоқзорҳо зиёд мекунанд.

Ҳадафи 4. Намудҳои бегонаи инвазивӣ ва роҳҳои ворид гардидани онҳо аз рӯи афзалиятҳо муайян ва тасниф карда мешаванд, намудҳои афзалиятноки бегона ба танзим дароварда ва ё нест карда мешаванд, чораҳои зарурӣ таҳия ва татбиқ карда мешаванд, то ин аз хатарҳо ҷилавгирӣ карда шавад

Иловаи шарҳ