- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология»-ро эълон мекунад

Ба истиқболи сазовори ҷашни миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» эълон намудааст.

Озмуни мазкур бо мақсади ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимону мутахассисон ва коршиносон ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, тарғиби ҳифзи муҳити зист, ташаккули ақидаи солим нисбат ба мавқеъ ва сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тақвияти маърифати экологии насли наврас ва истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои табиӣ доир мегардад.

Тибқи иттилои Маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар озмун гурӯҳҳои эҷодӣ, журналистон, коршиносон, мутахассисон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карда метавонанд.

Асару мақолаҳо бояд мавзӯъҳои зерини масоили экологиро инъикос намоянд:

— 30 соли Истиқлоли давлатӣ -қадамҳои устувор дар ҳифзи муҳити зист;

-тағйирёбии иқлим, чораҳои пешгирӣ ва мутобиқсозии иқтисодиёти мамлакат ба оқибатҳои ногувори он;

 — истифодаи устувори захираҳои обию энергетикӣ;

— инъикоси мавқеъ ва сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла, истифодаи захираҳои обию энергетикӣ;

— рушди энергетика ва рафъи камбизоатӣ;

— тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ;

— ҳифзи гуногунии биологӣ;

— идоракунии партовҳо;

— нақлиёт ва ҳифзи ҳавои атмосфера.

Асарҳо, видеороликҳо ба озмун пешниҳодшаванда метавонанд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ омода карда шаванд.

Асарҳо, мақолаҳо, филмҳои мустанад ва видеороликҳои тарғиботӣ оид ба мавзуъҳои озмун пешниҳод мегарданд, бояд тавассути рӯзномаю маҷаллаҳо, радио ва телевизион, шабакаи Интернет ба оммаи васеъ дастрас шуда бошанд.

Нусхаҳои онҳо бо ариза ва ишораи «Ба озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» дар коғази андозаи А4 ва ҳуруфи Times New Roman Tj (12) бо нишон додани ному насаб, суроға, суроғаи электронӣ ва телефонҳо бояд ба Комиссияи экологӣ ирсол карда шаванд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Комиссияи экологӣ метавонанд асари ба озмун пешниҳодшударо дар сомонаи интернетии худ ва дигар воситаҳои ахбори омма ҷой диҳанд.

Асарҳои пешниҳодшуда аз тарафи Комиссияи озмун баррасӣ мегарданд. Ҳангоми баррасӣ рӯзмарра будани масъалаҳои фарогирифтаи онҳо, тариқи кадом воситаи ахбори омма паҳн шудан (маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ), инчунин вокуниш ба онҳо ба инобат гирифта мешаванд.

Озмун дар як давр то 1 июни 2021 гузаронида шуда, дар Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист (5 июн) ҷамъбаст мегардад.

Ғолибони озмун аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Барои ғолибон чунин мукофотҳои пулӣ пешбинӣ шудаанд:

 — ҷои якум — 5000 сомонӣ (1 ҷой);

— ҷои дуюм — 3500 сомонӣ (2 ҷой);

— ҷои сеюм — 2000 сомонӣ (5 ҷой).

Барои иштирокчиёни алоҳидаи озмун, ки асарҳои онҳо аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Комиссияи экологӣ махсус қайд мегардад, туҳфаҳои хотиравӣ муайян шудаанд.

Мукофотҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ ба ғолибон аз тарафи Раиси Кумита ва Раиси Комиссияи экологӣ 10 рӯз баъд аз эълони натиҷаҳо супорида мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 42.Телефон: (+ 992 37) 221-23-36. 222-21-77 Еmail: ecocomission@yandex.rukoe@parlament.tj e.k.ekologi@yandex.ru

Иловаи шарҳ