- Хабарҳо

Семинари бозомӯзӣ барои баланд бардоштани дониши кормандон

Бо мақсади баланд бардоштани дониши кормандон дар толори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд семинари бозомӯзӣ баргузор гардид. Мувофиқи барномаи семинари мазкур доир ба ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи истифодаи дурусти фарҳанги имлои забони тоҷикӣ дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Корбарӣ тибқи талаботи Дастурамали коргузории тасдиқгардида», «Санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор ва баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ», «Дар бораи иҷозати буриши дарахт ва тарзи ҳисоби дурусти маблағи зарар дар самти ҳифзи наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ», «Тарзи ҳисоби дурусти пардохт ва зарар дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера», «Тарзи ҳисоби дурусти пардохти партовобҳо ва истифодаи пурраи моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ваколати мақомоти ҳифзи муҳити зист дода шудааст» ва дигар масъалаҳои ба пешрафти фаъолият мусоидаткунанда баромаду маърӯзаҳо шунида шуд, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист яке аз самтҳои асосии корбарӣ ба ҳисоб меравад.

Раёсат минбаъд низ баҳри таъмини иҷрои нақшаи корӣ масъалаҳои баланд бардоштани дониш ва маърифати экологиро зери назорати доимӣ қарор дода, чорабиниҳои заруриро дар доираи ваколатҳои худ амалӣ менамояд.

Иловаи шарҳ