- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Идомаи корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар шаҳри Ҳисор

Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободониву кабудизоркунии муҳити атроф ва дастгирии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар минтақаҳои шаҳри Ҳисор ҳашари ниҳолшинонӣ бомаром идома дорад.

Дар рафти ниҳолшинонӣ дар ҳудудҳои ҷамоатҳои Сомон, Алмосӣ ва Хонақоҳи Кӯҳӣ миқдори зиёди ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишиву сояафкан шинонида шуд. Қисмати зиёди корҳои ниҳолшинонӣ аз тарафи кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист  тариқи ҳашар дар шанбегиҳои дастаҷамъӣ, ки пайваста гузаронида мешаванд, амалӣ мешаванд.

Бо иттилои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар ҳашари ниҳолшинонии ҳафтаи гузашта, ки рӯзи 13-уми феврал бо иштироки кормандони шуъба, намояндагон аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист баргузор гардид, зиёда аз 1200 нафар сокинони ҷамоатҳои мазкур иштирок намуда, беш аз 1000 бех ниҳолҳои дарахтони арчаву сӯзанбарг шинонида шуданд.

Дар мавсими имсола то имрӯз иловатан 9000 адад ниҳолҳои санавбару сафедор ва бештар аз 66000 бех гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд, ки феълан муҳити шаҳрро ба як мавзеи хеле зебою диданӣ ва дилнишин табдил додааст.

Иловаи шарҳ