Дар асоси нақшаву чорабиниҳои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Фархор рӯзи 13 феврали соли равон дар ҷамоати шаҳраки Фархор бо иштироки сокинони кӯчаи Ҳ. Шерозӣ ва хонандагони литсеи касбӣ-техникии №7 аксияи “Тозагии соҳил-2021” гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 40 нафар сокинон ва хонандагон иштирок намуда, ду тарафи канали обгузарро дар масофаи 200 метр ба миқдори 2 м3 партовҳо ҷамъ карда шуда, аз тарафи КДФ ХМК-и ноҳия кашонида шуданд.