- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маъракаи ниҳолшинонӣ бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ баргузор гардид.

Аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва хоҷагии ҷангал 1200 бех ниҳолони дарахти сузанбарг ва арча харидорӣ гардида, тариқи ҳашар дар қадди роҳ ва назди муассисаҳо шинонида шуданд.

Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист дар ҳудуди ноҳия дар асоси нақшаи тасдиқгардида 5 ҳазор бех гулҳои ороишиву мавсимии маҳаллӣ шинонида мешавад.

Иловаи шарҳ