- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Кабудизоркунӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Бо саҳмгузории шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва ҷалби васеи аҳолии ноҳия дар боғи фароғатии ноҳия маъракаи гулшинонӣ ва кабудизоркунӣ гузаронида шуд, ки дар чорабинии мазкур ба миқдори 30 адад дарахтони ҳамешасабз ва 110 адад гулу буттаҳо шинонида шуданд.

Бахши ҳифзи муҳити зист тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ барои сарсабзу хуррам гардонидани маҳаллаҳои аҳолинишин ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Иловаи шарҳ