- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Муҳокимаи татбиқи лоиҳаҳо аз тарафи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 феврали соли ҷорӣ бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. ҷаласа оид ба муҳокимаи татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби Агентии обуҳавошиносӣ амалишаванда баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовинони Директори Агентии обуҳавошиносӣ, сардори шуъбаи банақшагирӣ муҳосибот ва молияи Кумита, роҳбари гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои Кумита, роҳбарон ва шахсони масъули Лоиҳаҳои “Мукаммалсозии хизматрасонии гидрометеорологӣ дар Осиёи Марказӣ, ҷузъи “С”, “Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ” ва «Омода намудани ҳисоботи дусолаи аввалин оиди баруйхатдарории газҳои гулхонагӣ ва Чаҳорумин гузориши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конвенсияи Қолабии СММ дар бораи тағйирёбии иқлим иштирок ва ҳисобот манзур намуданд.

Аз ҷониби Раиси Кумита ҳисоботи роҳбарон ва шахсони масъули лоиҳаҳои болозикр пурра таҳлил гашта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, азхудкунии самаранок ва мақсадноки маблағҳои лоиҳаҳо, супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Иловаи шарҳ