- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Мулоқоти Раиси Кумита Шерализода Б. А. бо сафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мэтю Лоусон

15 феврали соли 2021 вохурии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо сафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мэтю Лоусон ва роҳбари Дафтар оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон хонум Ҳонор Фланаган баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот, масоили марбут ба ҳамкориҳо дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аз ҷумла оид ба таҳия ва татбиқ намудани лоиҳаҳо дар ин самт, омодагӣ барои иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси 26-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид доир ба тағйирёбии иқлим (СОР26) ва дигар масъалаҳои муҳими экологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, тарафҳо роҷеъ ба ҳама масъалаҳои баррасигардида ба мувофиқа расиданд.

Иловаи шарҳ