- Муомилот бо партов, Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Аксияи “Тозагии соҳил” ва “Тозагии маҳал” дар ноҳияи Шахритус

Бо мақсади иҷрои фармоишҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амри раиси ноҳияи Шаҳритус дар бораи гузаронидани аксияи “Тозагии маҳал” ва “Тозагии соҳил” бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритус ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо масъулини корхонаи манзилию коммуналии ноҳия ва ҷамоати шаҳраки Шаҳритуси ноҳия бо ҷалби кормандони корхонаву ташкилотҳо ва аҳолии ноҳия дар ҳудуди шаҳраки Шаҳритус аксияҳои “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил” ва “Тозагии роҳ” ташкил ва гузаронида шуданд.

Дар баргузории аксияҳои номбаршуда ҳудуди зиёда аз 400 нафар кормандони корхонаву ташкилотҳо ва аҳолии ноҳия, 3 адад техникаҳои пуриқтидор (мехлопата) ва 6 адад автомашинаҳои Камаз сафарбар карда шуда, партовгоҳҳои муваққатии ҳудуди ҷамоати шаҳраки Шаҳритус аз партовҳо тоза карда шуда, дар ҳаҷми 72 куб партов ба партовгоҳи ноҳия интиқол дода шуданд. Инчунин ҳудуди тақрибан 500 метри соҳили дарёи Кофарниҳон аз ҳар гуна партовҳои истеҳсолию истеъмоли тоза карда шуданд.

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритус бо мақсади тоза нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, соҳили дарёи Кофарниҳон ва дигар манбаъҳои обӣ, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз тамоми имкониятҳои ҷойдошта истифода бурда минбаъд низ дар баргузории аксияҳои экологи дар ҳудуди ноҳия фаъол хоҳад буд.

Иловаи шарҳ