- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита

15 феврали соли 2021 маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита баргузор гашт, ки дар он фаъолияти раёсатҳо, шуъбаву бахшҳо, марказҳо ва дигар сохторҳои зертобеи Кумита дар ҳафтаи аз 8 то 12 феврал ва вазифаҳо барои ҳафтаи навбатии соли ҷорӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Ҷураев А. Ш. оид ба ҳар як самти фаъолияти мақомоти соҳавӣ ба таври мушаххас ҳисоботи таҳлилӣ пешниҳод намуд.

Сипас, Раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон вобаста ба масъалаҳои ҷорӣ ҳар як масъулро оид ба самти фаъолияташон пурсон гашта, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати корбариву коргузорӣ ба онҳо супоришҳои мушаххас дод.

Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд ва барои андешидани чораҳои мушаххас ба масъулони иҷро фиристода мешавад.

Иловаи шарҳ