- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Ҷаласаи Гурӯҳи кори ҳукуматӣ оид ба амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Мурғоб

8 майи соли равон ҷаласаи Гурӯҳи кори ҳукуматӣ оид ба амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон баргузор гашт.

Дар ҷаласа муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Саидумрон (муовини роҳбари гурӯҳи корӣ), Раиси ноҳияи Мурғоб Ҷошбаев М. А., сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ Назаралиев М., муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия ва роҳбарони идораву муассисаҳои дахлдори ноҳия иштирок намуданд.

Зимни баромади хеш, Раиси ноҳияи Мурғоб Ҷошбаев  М. дар бораи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз дошт, ки Роҳбари давлат ба рушди  ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон  таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва якчанд маротиба ба ноҳия сафари корӣ анҷом доданд. Рушди иқтисодию  иҷтимоии  ноҳия таҳти назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ба шарофати ин ғамхорӣ сатҳи зиндагии мардуми ноҳия сол то сол баланд шуда истодааст.

Дар ҷаласа рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб оид ба иҷрои  корҳои  ободонию созандагӣ  бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва пурсиш қарор дода шуд.

Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Абдураҳмонзода зимни таҳлили нақшаи мазкур фаъолияти роҳбарони ташкилоту  муассисаҳои ноҳиявиро  бо назардошти  иҷрои муҳлатноки бандҳои муайяни нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ нокифоя арзёбӣ намуд.

Баъд аз  баррасии ҳаматарафаи масъалаи рӯзнома қарори дахлдори ҷаласаи Гурӯҳи кори ҳукуматӣ  дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии  мазкур дар бораи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Иловаи шарҳ