- Хабарҳо

Кормандони ҷавони Кумита ба СИПОСНОМАИ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд

10 майи соли ҷорӣ дар вохӯрии ҷавонон, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, илмию  маърифатӣ, оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ бахшида ба таҷлили  «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон-23 май» дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии      академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» баргузор гардид, кормандони ҷавони Кумита бо СИПОСНОМАИ Кумитаи кор бо  ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Тавре раиси «Шӯрои ҷавонон»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Тиллоева иттилоъ дод, СИПОСНОМАИ мазкур барои иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол, баҳри татбиқи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон-23 май» ба корманди ҷавони Кумита Моҳира Саъдуллоева  супорида шуд.

Иловаи шарҳ