- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Боздиди Раиси Кумита Шерализода Б.А. аз аввалин корхонаи коркарди партовҳои пластикии шаҳри Турсунзода

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон дар якҷоягӣ бо Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода бо мақсади шиносоӣ аз корхонаи коркарди партовҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ боздид ба амал оварданд.

Зимни шиносоии Раиси Кумита бо фаъолияти корхона роҳбари корхона Илҳом Шерматов иттилоъ дод, ки маҳсулоти истеҳсолкардаашон дар 200 градус гармӣ омода гардида, хусусияти дар ҳавои сард тобоварӣ дорад. Дар коргоҳ дар як шабонарӯз имкони коркарди то як тонна партовҳои пластикӣ мавҷуд аст. Айни замон аз партовҳои пластикиву полиэтиленӣ бо андозаҳои гуногун лӯлаҳои обгузар истеҳсол карда мешавад. Ба роҳ мондани истеҳсоли лӯлаҳои обгузари полиэтиленӣ аз чанд ҷиҳат манфиатовар аст. Пеш аз ҳама роҳбарияти корхона барои онҳое, ки партовҳои полиэтилениро ҷамъ оварда ба корхона месупоранд,  барои ҳар як килограмм маблағи муайян пардохт менамояд. Дуюм, тавассути ҷамъоварии чунин партовҳои хатарнок муҳити зист тозаву солим мегардад, сеюм, нархи лӯлаҳои обгузар нисбат ба маҳсулоти воридшуда якчанд маротиба арзонтар мешавад. Ҳамин аст, ки  деҳқонони шаҳри Турсунзода ва шаҳру ноҳияҳои атроф барои обёрии заминҳояшон андозаҳои гуногунро ба корхонаи коркарди партовҳои пластикӣ  фармоиш медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки барои шинос шудан бо фаъолияти ин корхонаи навтаъсис, ки як самти он барои беҳдошти муҳити зист равона гардидааст, намояндагони васоити ахбори омма низ ташриф оварда буданд. 

Иловаи шарҳ