- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Кори нозирони соҳавӣ дар ҷойҳо беҳбудӣ мехоҳад

13 майи соли равон маҷлиси ҳафтаинаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.  Тибқи мундариҷаи рӯзнома нахуст, сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Абдусалим Ҷӯраев оид ба фаъолияти назоратию ташкилии раёсатҳо, шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин вобаста ба рафти иҷрои протоколҳои маҷлисҳои ҳафтаинаи Раиси Кумита ҳисобот дод. Дар рафти натиҷагирии ҳисобот, А. Ҷӯраев қайд кард, ки  фаъолияти кулли аксари мақомоти зерсохтори Кумита дар ҳамаи самтҳои назоратӣ беҳбудиро тақозо менамояд. Зикр гардид, ки ҳарчанд дар супоришҳои протоколии қаблӣ оид ба беҳбуд бахшидани фаъолияти нозирони соҳавӣ дар шаҳру ноҳияҳо дарҷ гардида, фиристода шуда бошад ҳам, то кунун нишондодҳои нозиротӣ дар сатҳи паст ва нокифоя боқӣ монда, ҳисоботҳо бошад бетағйир ва якранг пешниҳод мегарданд.

Сипас, вобаста ба камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар ҳамаи самтҳо Раиси Кумита Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ибрози  назар намуда, ба масъулони соҳавӣ  барои андешидани чораҳои мушаххас дастуру супоришҳо дод. Раиси Кумита масъалаҳои интизоми  меҳнат, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани робитаи сохторҳои Дастгоҳи марказии Кумита бо зерсохторҳо, дар баррасӣ гузоштани фаъолияти ҳар як раёсат, шуъба, бахш ва марказҳо, тибқи талаботи соҳавӣ таҳия намудани дастурамал оид ба «Тартиби ҳисоби  зарар ба муҳити зист», истифодаи мақсадноки маблағҳои дар доираи лоиҳаҳо ва конвенсияҳои ҳифзи муҳити зист равонашуда, барӯйхатгирӣ ва додани хулосаи воқеии экспертизаи экологӣ бо назардошти ҳаҷми истихроҷи мавзеъҳои канданиҳои фоиданоки маъмули умум, пешниҳоди маводҳои иттилоотии саривақтӣ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба вебсайти Кумита, дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дигар масъалаҳои ҷориро ба миён газошта, аз масъулон талаб карда шуд, ки барои дар  сатҳи  зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияташон чораҳои мушаххас андншанд.

Пас аз муҳокимаи масъалаҳо ва супоришҳои додашуда қарори дахлдори маҷлиси назоратии ҳафтаинаи Раиси Кумита қабул карда шуд.

Иловаи шарҳ