- Хабарҳо

Маҷлиси машваратии назди сардори раёсат

10 майи соли 2019  дар маркази бозомӯзии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон маҷлиси машваратии назди сардор, бо иштироки муовин, сардорони шуъба ва сармутахассисони раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Мувофиқи нақша дар маҷлис баррасии 3 масъала пешбинӣ гардида, мавриди баррасӣ қарор дода  шуд: 1) оид ба масъалаи пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия; 2) натиҷабардорӣ аз фаъолияти раёсат дар чор моҳ ва вазифаҳо то ҷамъбасти фаъолият дар 6 моҳи аввали соли равон; 3)  омодагӣ ба 5 июн – Рӯзи байналмилалии муҳити зист ва дигар масъалаҳои масъалаҳои ҷорӣ.

Оид ба масъалаи якум ҳуқуқшиноси раёсат суханронӣ намуда, қайд кард, ки пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия яке аз масъалаи асосӣ буда, бояд дар мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист қарор гирад. Кормандони раёсат ва зерсохторҳо хизматчиёни давлатӣ мебошанд ва ин мақом вазифадор менамояд, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва «Стратегияи муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қатъиян риоя ва иҷро карда шавад.

Аз рӯи масъалаи дуюми рўзнома муовини сардори раёсат баромад карда, натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти чормоҳа ва ҷой доштани камбудиҳоро дар корбарии зерсохторҳо қайд кард. Ба ҳамаи роҳбарони зерсохторҳо барои дар давоми як моҳи монда то ҷамъбасти шашмоҳа ислоҳи камбудиҳо, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои асосии фаъолият ва иҷрои нақшаи пардохти нимсолаи аввал андешидани тадбирҳои зарурӣ вазифагузорӣ ба амал омад.

Бобати баррасии масъалаи сеюми рӯзнома махсусан қайд гардид, ки санаи 5 июни соли равон 47-умин солгарди Рӯзи байналмилалии муҳити зист қайд карда мешавад ва дар вилоят низ бояд ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба ин санаи муҳими экологӣ кӯшиш ба харҷ дода шавад.

Иловаи шарҳ