- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Дар доираи маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита аз 15 апрели соли 2019

Сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Ҷураев А., фаъолияти сохторҳои Кумитаро аз 8 то 12 апрели соли 2019 дар маҷлиси ҳафтаинаи назди Раиси Кумита, ки рӯзи 15 апрел баргузор гардид, ҳисобот дод.

Қайд карда шуд, ки дар давоми ҳафта аз ҷониби Кумита ва сохторҳои он дар маҷмӯъ 166 амалиётҳои назоратӣ гузаронида шуданд, ки аз он 39 санҷишҳои нақшавӣ, 6 адад ғайринақшавӣ ва 2 адад санҷиши такрорӣ ва боқимонда бошад, дигар амалиётҳои назоратиро ташкил медиҳанд.

Барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ 296 пешниҳодҳои иҷроияшон ҳатмӣ дода шуда, 190 адади онҳо ё 80 фоиз иҷро гардидааст.

Барои риоя накардани меъёру стандартҳои экологӣ ва қонунвайронкунӣ ба 162 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷарима баста шуда, қисме аз он рӯёнида шудааст.

Инчунин 78 ҳолати дағалона вайрон кардани стандартҳои экологӣ ва талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист ошкор карда шуд.

Пешниҳоди маводҳо ба суд 1 адад ба маблағи 2 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ин маблағ тавассути ҳалномаи судӣ пурра рӯёнида шудааст.

Пардохтҳои ҳатмии экологӣ 102,8 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 46,9 ҳазораш ба шаҳри Душанбе, 33,5 ҳазор ба вилояти Суғд таалуқ дорад.

Фаъолияти мунтазами назорати давлатӣ дар самти бастану ситонидани маблағи ҷаримаю зарарҳо бинобар таъмини қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ» дар раёсатҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Сангвор хуб ба роҳ монда шудааст.

Таҳлилҳои фаъолияти ҳафтаинаи баъзе аз шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳо нишон дод, ки дар ин самт камбудиву норасоиҳо ҳам, вуҷуданд.

Масалан, бастану ситонидани ҷаримаҳо ва таъмини ситонидани маблағҳои пардохтҳои экологӣ аз тарафи шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳри Роғун, ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод  Лахш кам гардида, ҳисоби зарар аз тарафи аксарияти шаҳру ноҳияҳои онҳо ҳисобӣ нагардидааст.

Таҳлили фаъолияти шуъбаҳои назоратии Кумита дар таъмини иҷрои қарорҳо ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш ва супоришҳои Раиси Кумита, инчунин таҳлили пешбурди назорати давлатӣ аз болои раёсатҳо, шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нишон дод, ки ҳангоми қабули ҳисоботҳо ба сифати ҷаримаву зарарҳои пешниҳодшуда ва рӯёнидани онҳо, инчунин ҳолати вазъи муҳити зист дар самтҳои мухталиф ба истиснои шуъбаи назорати давлатии ҳифзи ҳавои атмосфера ва олами набототу ҳайвонот аҳамияти зарурӣ намедиҳанд.

Аз тарафи шуъбаҳои назорати давлатӣ таҳлили ҳисоботҳои фаъолияти раёсатҳо, шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо оид ба иҷрои нақшаҳои кори онҳо, дуруст тартиб додани санадҳо, протокол, қарорҳо, ҳисоби дурусти ҷаримаву зарарҳо ва сари вақт рӯёнидани онҳо, иҷрои  нақшаи чорабинии аксияи «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил» дар сатҳи на он қадар зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Таҳлил собит намуд, ки камбудиҳои ҷойдошта дар ҳама раёсатҳо, шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, якранг мебошанд.

Зарар на дар ҳама  самтҳо  ҳисоб мешавад ва агар ҳисоб карда шавад ҳам, аз беназоратии  ҳолати ситонидани онҳо аз мадди назар дур мондааст ва иҷрои супоришҳои додашуда назорат карда намешавад.

Дар давоми як ҳафта дар шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера аз 4 дархосткунандагон иҷозат барои партофтани партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера баррасӣ карда шуда, барои гирифтани иҷозат пешниҳод карда шуд.

Дар асоси санҷишҳои нақшавии Кумита шуъба бо мақсади таҳлил, омӯзиш ва азназаргузаронӣ фаъолияти корхонаҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ва фаъолияти терминалҳои мусофиркашонии шаҳри Душанбе санҷиш гузаронид.

Тибқи банди 5-и протоколи №11 аз 8 апрели соли 2019-и маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита, сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера Судуров С., дар якҷоягӣ бо сардори Маркази ахбори экологии Кумита Тиллоева Г. ва бо ҷалби кормандони шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон барои ба навор гирифтани фаъолияти корхонаҳои шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Хуросони вилояти Хатлон, ки таъсиррасонии партовҳои онҳо ба ҳавои атмосфера бештар мебошад, сафарбар гардиданд.

Фаъолияти шуъбаи олами наботот ва ҳайвоноти Кумита дар ҳафтаи сипаришуда нишон дод, ки тибқи маълумотҳои пешниҳоднамудаи сохторҳои ҳифзи муҳити зисти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба ҳолати 12 апрели соли 2019 ба миқдори 1 млн 025 ҳазору 054 бех навниҳолон аз он ҷумла: 486210 бех сояафкан, 383074 бех ҳамешасабзу ороишӣ, 155770 бех мевадиҳанда, 7 млн 802669 бех гулу буттаҳо ва 99035 дона қаламча, инчунин ба масоҳати 164120,3 м2  майдони умумии майсазор ва 813 га боғҳои кӯҳна барқарор гардида, 995 га боғҳои нав бунёд карда шудааст.

Ҷиҳати иҷрои банди 6-и протоколи №11 аз 8 апрели соли 2019-и маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита оид ба таҳлили фаъолияти шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот ва ҳайвоноти раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд доир ба иҷозатдиҳӣ ва танзими фаъолияти моҳидорӣ дар обанбори Қайроқум ва пешгирии ғайриқонунии сайди моҳӣ мутахассисони шуъба ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд фиристода шуданд.

Аз тарафи Экспертизаи давлатии экологӣ бошад, дар ҳафта 31 мавод оид ба интихоби қитъаи замин барои ҷойгиркунии иншоотҳо ва дигар маводҳо ворид гардида ба 15 адад дархост хулосаи экспертӣ дода шудааст. 15 адад дархост дар мавриди омӯзиш қарор дорад. 1 адад дархост бинобар ба талаботи қонунгузории экспертизаи экологӣ мутобиқат накардан, баргардонида шуд.

Аз ҷониби кормандони Маркази ахбори экологӣ дар ҳафтаи ҳисоботӣ корҳои муайяни зерин роҳандозӣ ва амалӣ карда шуд. Аз ҷумла видеоролики тарғиботӣ, ки дар ҳамкорӣ бо телевизион таҳия гашта буд, бо тарҷумаи матни он ҳамчун сатри равон бо забони англисӣ барои инъикос ба телевизион супорида шуд. Барои  бахшҳои русию англисии сомонаи расмии Кумита аз ҷониби мутасаддиён 14 маводи иттилоотӣ ба забони русӣ ва 17 то ба забони англисӣ тарҷума ва ба Маркази ахбори экологӣ пешниҳод карда шуд.

Агентии обуҳавошиносӣ: дар тӯли ҳафтаи сипаришуда 7 маротиба пешгӯиҳои кӯтоҳмуддат (якшабонарӯза), пешгӯиҳои миёнамуддат (аз панҷ то ҳафт шабонарӯз) барои ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳо, маълумотномаи вазъи обу ҳавои кишвар дар шабонарӯзии гузашта, инчунин ҳамарӯза маълумотҳо аз 52 нуқтаҳои обуҳавосанҷӣ (364 маротиба маълумоти метеорологӣ аз шабакаҳо ворид гардид) ва аз 36 нуқтаҳои обуҳавосанҷии худкор маълумотҳо қабул шуда, таҳлил гардиданд.

Аз тарафи мутахассисон 4 маротиба вазъи обу ҳавои кишвар тариқи шабакаҳои телевизионӣ пешкаши аҳолии ҷумҳурӣ гардонида шудаанд.

Маълумотҳои фаврии санҷиши реҷаи дарёҳо дар ҳар рӯз аз 34 дидбонгоҳ дохил шуда, нашри ҳаррӯзаи варақаи ахборотии гидрометеорологӣ оид ба вазъи оби дарёҳо тайёр карда шудааст. Пешгӯии шабонарӯзӣ барои дарёи Вахш низ ҳамарӯза омода мегардад.

 

        

 

Иловаи шарҳ