- Хабарҳо, Ҳавои атмосферӣ

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б. Ғафуров

Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар асоси нақшаи кории Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера, дар њамкорї бо Шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б. Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 55 адад нақлиётҳои автомобилии гуногунњаљм аз санҷиши тањлилї гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид.

Нисбат ба ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунанда (гази СО)-ро ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, нисбати онњо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол гардид.

Иловаи шарҳ