Бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, аз фасли зимистон беталаф баровардани олами ҳайвоноти кӯҳӣ аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом, тибқи нақшаи пешбинигардида, дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти шикорчиён ва моҳигирони вилояти Суғд, бо иштироки сокинон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, дар шикоргоҳи шаҳри Конибодом корҳои биотехникӣ гузаронида шуд.
Боиси қайд аст, ки як қатор парандаҳои муҳоҷир, аз он ҷумла ғозу мурғобӣ барои зимистонгузаронӣ ба минтақаи мазкур меоянд.
Дар рафти чорабинӣ, дар ин мавзеъ ба миқдори 600 кг ғалладона, 300 кг резаи гандум, 200 кг маккадона, 250 кг ҷав ва 100 кг сабус, дар маҷмӯъ 1450 кг маводи ғизоии хӯрока пошида шуд.














