- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии соҳил» дар минтақаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Тоза нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ, соҳилҳои дарёҳо бо ҷалби бештари сокинон оид ба беҳтар намудани вазъи муҳити зист яке аз самтҳои муҳим дар фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб мераванд.

Аз оғози соли нави 2021 Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баҳри тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, инчунин амалигардонии бандҳои нақшаи чорабиниҳои бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ба зерсохторҳо баргузории аксияи «Тозагии соҳил» барқия ирсол намуд.

Бо мақсади пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ, аз он ҷумла соҳили дарё ва сойю каналҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Дар ҷамоати деҳоти Ғозиён ва Исфисори ноҳия дар маҷмӯъ 150 нафар сокинон дар рафти аксия иштирок намуда, 200 метр сойи Хоҷабоқирғонро бо пуррагӣ аз партовҳо тоза карданд. Дар ҳаҷми 3,5 тонна партовҳо ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.

Аз тарафи сокинон аксияи «Тозагии соҳил» дастгирӣ ёфта, дар ҷамоати деҳоти Ёва ба номи Ҳайдар Усмонов ва ҷамоати шаҳраки Ғафурови ноҳия низ чунин аксия роҳандозӣ гардид. Дар натиҷа зиёда аз 2 километр ҷӯйборҳои қадди роҳ тоза гардида, 4 метри мукааб партов ба партовгоҳи КДК «Сафо»-и ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бароварда шуд.

Иловаи шарҳ