- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Дар шаҳри Исфара аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид

Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо мақсади амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва пешгирӣ аз ифлос гардидани оби дарёи Исфара, бо мусоидати бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр, дар якҷоягӣ бо сохтори ҷавонон ва бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорони филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур дар маҷмуъ 250 нафар иштирок намуданд.

Дар рафти аксия минтақаҳои соҳили ду тарафи дарёи Исфара, ки аз ҳудуд ва маркази шаҳр мегузарад, 1,5 километр ду тарафи соҳил аз ҳаргуна партовҳо тоза карда шуд. Ба иштирокчиёни аксия халтаҳои полиэтиленӣ барои партовҷамъкунӣ дастрас гардида, ҳамагӣ 5 метри мукааб партовҳо бо воситаи 2 адад техникаи махсуси партовкашон ба партовгоҳ бароварда шуданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи барқияи Раёсати ҳифзи муҳити зист дар 7 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Тибқи маълумот дар чорабинии мазкур ҳамагӣ, 1127 нафар шаҳрвандон иштирок карда, дар натиҷа 22,7 километр соҳили манбаъҳои обӣ аз партовҳо тоза гардид. Ҳамзамон, беш аз 23,1 метри мукааб партовҳо бо воситаи 9 адад техникаи махсус ба партовгоҳҳои хоҷагиҳои манзили комуналии шаҳру ноҳияҳо бароварда шуд. Минбаъд, бо мусоид омадани обу ҳаво дар боқимонда шаҳру ноҳияҳо аксияи мазкур гузаронида мешавад.

Иловаи шарҳ