- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар шаҳри Ҳисор

Бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони саҳроӣ аз фасли зимистон кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор дар якҷоягӣ бо хоҷагии деҳқонии «Рустамҷон» дар дараи Алмосии шаҳри Ҳисор корҳои биотехникӣ гузаронида шуд.

Дар ин мавзеъ ба миқдори умумии 150 кг гандум, 180 кг ҷав , 50 адад бастаи хошок, 10 адад бастаи коҳ, 150 кг сабус ва 200 кг намак  пошида шуд.

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар ҳолати сард омадани ҳаво то моҳи марти соли равон дар мавзеъҳои дигари баландкӯҳи шаҳри Ҳисор назар аст.  

Дар мавзеъҳои мазкур ҳайвоноту парандаҳо, аз қабили хуки ёбоӣ, харгӯш, гург, хирс, шағол, кабк, кафтарҳои саҳроӣ, ғоз ва ғайра сукунат доранд.

Иловаи шарҳ