- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Фаъолияти Ташкилоти ибтидоии «Ҳифзи муҳити зист» дар соли 2020

13 январи соли 2021 дар Дастгоҳи марказии Кумита маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳифзи муҳити зист»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар кори маҷлис Мирзозода Иброҳим Холмурод –Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Изатуллои Ҳабибзод — мудири шуъбаи кор бо ҷавонони  Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, Файзуллозода Зарина Файзулло — Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок карданд.

Маҷлисро Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт.

Дар маҷлиси ҳизбӣ 3 масъала, аз ҷумла натиҷагирии фаъолияти  Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳифзи муҳити зист»-и Кумитаи иҷроияи ҲХТД дар ноҳияи Сино дар соли 2020, тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Ташкилот барои соли 2021 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ ба овоз гузошта шуда, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис муовини Раиси ташкилоти ибтидоии «Ҳифзи муҳити зист» Шерализода Назриало оид ба натиҷаҳои фаъолияти ташкилот дар соли 2020 маърӯза намуд. Дар маърӯзаи ҳисоботӣ қайд гардид, ки аз ҷониби аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳифзи муҳити зист»-и Кумитаи иҷроияи ҲХТД дар ноҳияи Сино дар соли ҳисоботӣ корҳои муайяне ба анҷом расонида шуд. Яке аз чунин корҳои назаррас ин буд, ки онҳо дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, мавқеи шаҳрвандии худро ҳамчун аъзои  фаъоли ҲХДТ сарбаландона нишон доданд.

Дар натиҷаи баррасӣ ва муҳокимарониҳо Нақшаи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳифзи муҳити зист» барои соли 2021 тасдиқ гардид.

Дар рафти маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод суханронӣ намуда, иброз намуд, ки дар соли 2020 таҳти роҳбарии Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешравиву муваффақиятҳои бесобиқа ноил гардид.

Дар интиҳои маҷлис Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳифзи муҳити зист» Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва Мирзозода Иброҳим Холмурод Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба як қатор аъзоёни нави ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ супориданд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳифзи муҳити зист» Шерализода Б. А. дар назди аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ вазифаҳои мушахас гузошта, онҳоро барои иҷрои корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар доираи Барномаю Оинномаи Ҳизб ва беҳдошти муҳити зист дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуданд.

Иловаи шарҳ