- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Ҳисор

Бо мақсади вусъат додани  корҳои ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист баҳри боз ҳам зебою назаррабо гардонидани симои шаҳри Ҳисор дар маҳалҳои аҳолинишин бо иштироки масъулони шуъбаи ҳифзи муҳити шаҳри мазкур ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ корҳои беҳдоштӣ оид ба  тоза кардани ҳудуди маҳаллаҳо, шафати роҳҳо, ҷӯйборҳо, баровардани партов ба партовгоҳи  асосӣ анҷом дода шуд.

Дар ҳашари болозикр дар шоҳроҳи Душанбе –Турсунзода,  ҷамоати шаҳраки Ҳисор ба миқдори 170 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи навъи арча шинонида шуд.

Иловаи шарҳ