- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Пешгирӣ аз ифлосшавии соҳилҳои дарёи Сир

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ифлосшавии соҳилҳои дарёи Сир чорабиниҳои беҳдоштии муҳити зист ташкил ва роҳандозӣ карда мешаванд. Санаи 9 январи соли 2021 дар шаҳри Хуҷанд, бо иқдоми мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Дар чорабинӣ доираи васеи омӯзгорону хонандагони муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд» фаъолона иштирок карда, дар натиҷа 2 километр соҳили дарё, аз ҷумла минтақаи обутобҷойи соҳили чапи дарёи Сир аз партовҳо тоза карда шуд.

Дар рафти баргузории аксия 250 нафар иштирок намуда, дар маҷмӯъ 6 метри мукааб партов аз ҷониби Муассисаи махсуси нақлиётии партовкашонии шаҳри Хуҷанд ба партовгоҳ бароварда шуд.

Боиси қайд аст, ки дар обутобҷои мазкур, новобаста аз фаслҳои сол сокинон бо машқҳои варзишии пагоҳирӯзӣ машғул мешаванд ва мунтазам тоза нигоҳ доштани ин минтақа, ки ба саломатии инсон вобастагӣ дорад, мувофиқи мақсад мебошад.

Иловаи шарҳ