- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Пешгӯии вазъи обу ҳаво бо диди нав

Пешгӯии вазъи обу ҳаво то имрӯз бо тарзҳои гуногун тавассути воситаҳои ахбори омма пешниҳоди алоқамандон карда мешуд. Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт навгониҳои назаррас ба чашм мерасанд. Ба хусус сатҳу сифат ва дурустии пешгӯиҳо беҳтар гардида, тавассути сомонаи расмии Агентӣ, ба тариқи хаттӣ ва электронӣ аҳолӣ аз вазъи обу ҳаво бохабар мегардад. 

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба пешниҳод намудани пешгӯии вазъи обу ҳаворо бо диди нав, ба тариқи формати 3D ба роҳ монд. Аввалин намоиши он рӯзи 11 январи соли 2021 тавассути Шабакаи якуми «Телевизиони Тоҷикистон» ба аҳолии ҷумҳурӣ пешниход шуд. Намоиши графикии 3D ба воситаи барномаҳои «3D MAX» ва «Adobe After Effects» хамарӯза тарҳрезӣ ва омода карда мешаванд. Бо дидани ин намоиши ҷолиб бинандагон аз вазъи обу ҳаво, ҳарорати рӯзона ва шабона, самт ва суръати вазиши шамол, бавуҷудоии зуҳуроти табиӣ маълумот  пайдо менамоянд. 

Чунин тарзи  пешгӯиҳо барои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Хоруғ ва ноҳияҳои Мурғобу Рашт тавассути саҳифаи Агентӣ дар Телевизиони Тоҷикистон ва сомонаи иҷтимоии фейсбук пешниҳоди аҳолии ҷумҳурӣ карда мешавад.

Ин падида яке аз қадамҳои аввалинест, ки аз ҷониби Агентии обуҳавошиносӣ барои бо сатҳу сифати нав пешниҳод намудани маълумотҳои вазъи обу ҳаво пеш гузошта  шудааст.

Иловаи шарҳ