- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Дар шаҳри Ҳисор аксияи «Тозагии маҳал» ташкил ва гузаронида шуд

Аз ҷониби Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор тибқи нақши чорабиниҳои Кумитаи ҳифи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр барои сазовору истиқбол гирифтани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Ҳисор бо иштироки кормандони Шуъбаи ҳифзи муҳити зист, сарбозони Қисми ҳарбии 0124 ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр ва аҳолии маҳал, аксияи «Тозагии маҳал» ташкил ва гузаронида шуд.

Дар рафти акасияи мазкур канори ҷӯйборҳо, кӯчаву маҳаллаҳо аз партовҳо тоза карда шуд. Ҳамзамон, гирду атрофи роҳи асосӣ аз ҳаргуна алафҳои бегона поккорӣ гардида, гирду атрофии ниҳоли дарахтони шинонидашуда пурра нарм карда шуд.

Иловаи шарҳ