- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

ОҒОЗИ КАБУДИЗОРКУНӢ ДАР БОҒИ ФАРҲАНГИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Санаи 10 январи соли 2021 бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ва роҳбарияти ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Турсунзода дар баробари корҳои таҷдиду азнавсозӣ ба корҳои кабудизоркунӣ ҳусни оғоз бахшида шуд.

Боиси қайд аст, ки масоҳати боғ беш аз 3,5 гетарро ташкил намуда, имрӯзҳо оид ба бунёди  фаввораву гулгаштҳо, майдончаи варзишию кохи шоҳмот ва дигар иншооти фароғатӣ корҳои созандагї муташаккилона идома дорад

Ҷиҳати хуррамгардонии боғ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода қитъаҳои гулкориву мавзеъҳои ниҳолшинонӣ бо талаботи агротехникӣ омода гардида, шинонидани дарахтони ҳамешасабз, аз ҷумла навъҳои гуногуни  арча, дарахтони ороишӣ, алафи ҳамешасабз, садбарги ҳолландӣ,  гулҳои гуногуни мавсимӣ ба нақша гирифта шудааст.

Иловаи шарҳ