Аз тарафти масъулони Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳринав тибқи накша-чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз сардиҳо эмин нигоҳ доштани паррандагон ва ҳайвоноти кӯҳӣ санаи 6 январи соли 2021 ба мавсеи сукунати ҷонварон дар минтақаи куҳии «Селбурсой»-и ноҳия 100 кг гандум, 100 кг резаи гандум, 100 кг ҷав, 100 кг майдаи биринҷ ва хошок ба миқдори 500 кг пошида шуд.
Шуъба тасмим гирифтааст, ки дар оянда баҳри аз сардиҳо беталаф баровардани парандагон ва ҳайвоноти куҳӣ корҳои биотехникиро идома диҳад.