- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Корҳои ниҳолшинонӣ ва ободонӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дӯстӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади беҳдошти муҳити зист корҳои бунёдкорию созандагӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зистро идома  дода истодаааст.

Боиси қаноатмандист, ки барои лоиҳаи нави сохтмони бинои бахш, Қасри фарҳанги ноҳия, замини саҳни  бино дарахтони нодир   ороиш дода мешавад.

Бо ҳамин мақсад ҳафтаи равон  бо назардошти риояи талаботҳои шинонидани ниҳоли дарахтони нодир зиёда аз 106 бех ниҳоли дарахтони гуногуннавъи ба иқлим мувофиқ шинонида шуд.   

Иловаи шарҳ