- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Ваҳдат

 Ҳафтаи охири соли сипаригашта аз ҷониби Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ваҳдат, дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва сохторҳои дигари маҳаллӣ, дар ҳудуди варзишгоҳи марказӣ ва хиёбони Рӯдакии шаҳри Ваҳдат беш аз 80 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шуд.

Корҳои сабзгардонии муҳити зист дар шаҳри Ваҳдат бо назардошти мусоид омадани обу ҳаво идома хоҳад кард.

Иловаи шарҳ